Дар Қасри «Туркистон» дар Тошканд маросими ботантанаи мукофотонидани ғолибон ва барандагони ҷоизаҳои Озмуни байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоизаи миллии «Олтин Қалам» дар соҳаи рӯзноманигорӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар номинаи «Барои беҳтарин маводи рӯзноманигори хориҷӣ дар бораи Ӯзбекистон» муҳаррири калони бахши ӯзбекии радиои «Овози тоҷик» -и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Отабек Ғоибов ҷои дуюмро гирифт.
Дар ин номина сармуҳаррири маҷаллаи «Business Turk» Рузубай Акурен сазовори ҷойи аввал гардид.
Ғолибон бо дипломи махсус, нишони «Олтин Қалам», ҳайкалча ва мукофоти пулӣ сарфароз хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни байналмилалӣ барои Ҷоизаи ХV миллии «Олтин Қалам» («Қалами тиллоӣ»)-ро Иттифоқи эҷодии рӯзноманигорони Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо Маркази бозомӯзии рӯзноманигорон ва якчанд ташкилот эълон карда буд. Ба озмун, ки ба 3 май — Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот бахшида шуда буд, маводи дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо чопшуда, аз тариқи радио ва телевизион, инчунин нашрияҳои интернетӣ давоми сол — аз 31 марти 2020 то 31 марти 2021 интишорёфта фиристода шуда буданд.
АМИТ «Ховар»