Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии Душанбе бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти тиббӣ таъмин шуд

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ чанде қабл шуъбаи наҷот ва ҷарроҳии Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ»-и шаҳри Душанбе аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти тиббӣ таъмин  карда шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, шуъбаҳои эҳё ва ҷарроҳии муассисаи зикршуда бо тарҳу услуби замонавӣ таъмир гардида, бо дастгоҳу лавозимоти муосири тиббӣ, аз қабили дастгоҳҳои нафасдиҳандаи сунъии замонавӣ, монитор, инфузамат, рентгени рақамии мобилӣ, маҷмӯи бронхоскоп, ЭКГ, дефиблятор,  рахтҳои хоби замонавӣ, дастгоҳи тозакунандаи ҳаво ва дигар лавозимоти тиббӣ  таъмин гардиданд.

Ҳамзамон дар шафати муассиса дастгоҳи истеҳсолкунандаи кислород бунёд ва насб шудааст, ки ба эҳтиёҷмандон дар ҳолатҳои зарурӣ хизмат мерасонад.

АМИТ «Ховар»

Tags: