Сармуҳаррир | Муҳаррирон | Коргардонҳо
Идораи барномаҳои ҳуқуқ, амният ва мудофиа - минбари ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва истиқлолу озодӣ!
Идораи барномаҳои ҳуқуқ, амният ва мудофиа аз 01.01.2021 фаъолиташро оғоз намудааст. Дар барномаҳои «Замон ва ҷаҳон», «Инсон ва қонун», «Минбари ҳуқуқ», «Садоқат», ва «Мурофиа», ки аз ҷониби кормандони ҳамин идора таҳия мешаваду дар эфир пахш мегардад, пайваста масоили маърифати ҳуқуқӣ, донишҳои сиёсӣ, ватану ватандўстӣ, аҳамияти оромиву амният дар дунёи пурҳаводис, зуҳурот ва вазъияти ҳарбиву амниятии минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешавад. Дар меҳвари барномаҳои Идораи барномаҳои ҳуқуқ, амният ва мудофиа таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, истиқлолу озодӣ, осоиштагӣ, дўстию рафоқат ва суботу амният меистад.