Дирӯз дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон маросими қуръакашии Чемпионати Осиё-Уқёнусия баргузор шуд, ки дар натиҷаи он рақибони варзишгарони тоҷик муайян шуданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки Шаҳбоз Саидабуроров (-60кг) бо сабаби бад шудани вазъи саломатӣ аз иштирок дар ин мусобиқа даст кашид.
Натиҷаи қуръакашӣ:
-48кг. Даври 1. Ка Ки Вонг (Гонконг, Чин) – Шукрона Карчиева (Тоҷикистон)
-52кг. Даври 1. Гулбодом Бобомуродова (Туркманистон) – Аҳлия Мӯъминова (Тоҷикистон)
-52кг. Даври 1. Тинка Истон (Австралия) — Фазилат Гулбоева (Тоҷикистон)
-73кг. Даври 1. Сомон Маҳмадбеков (Тоҷикистон) — Айяш Ахмед (Яман)
-81кг. Даври 2. Акмал Муродов (Тоҷикистон) – Халил Ребаҳи (Қатар)
-81кг. Даври 2. Мун Ҷин ЛИ (Кореяи Ҷанубӣ) – Ҳақназар Назаров (Тоҷикистон)
-90кг. Даври 1. Комроншоҳ Устопириён (Тоҷикистон) – Шатлик Тораев (Туркманистон)
-90кг. Даври 1. Давлат Бобонов (Ӯзбекистон) – Ҷаҳонгир Маҷидов (Тоҷикистон)
-100кг. Даври 1. Кайхан Озчичека-Такаги (Австралия) – Мансур Раҳмон (Тоҷикистон)
+100кг. Даври 1. Темур Раҳимов (Тоҷикистон) – Карам Бир Карам бир (Ҳиндустон)
+100кг. Даври 1. Алишер Юсупов (Ӯзбекистон) – Хуршед Маҷидов (Тоҷикистон)
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Чемпионати Осиё-Уқёнусия оғоз мешавад, ки дар он 12 нафар варзишгарони шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 мард ва 3 зан) ширкат меварзанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-Уқёнусия 2021:
Вазн: Иштирокчӣ:
-48кг Шукрона Карчиева
-52кг Аҳлия Мӯъминова
-52 кг Фазилат Гулбоева
-60 кг Шаҳбоз Саидабуроров
-73 кг Сомон Маҳмадбеков
-81кг Акмал Муродов
-81кг Ҳақназар Назаров
-90 кг Комроншоҳ Устопириён
-90 кг Ҷаҳонгир Маҷидов
-100кг Мансур Раҳмон
+100 кг Темур Раҳимов
+100кг Хуршед Маҷидов
Тақвими мусобиқа:
Рӯзи якум (6 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: —48 кг, -52 кг , -57 кг; Мардон: -60, -66 кг
Рӯзи дуюм (7 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: -63, -70 кг; Мардон: -73, -81 кг
Рӯзи сеюм (8 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: —78, +78 кг; Мардон: -90, -100, +100 кг
Рӯзи чорум (9 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Рақобатҳои даставӣ (Мардон ва Бонувон)
Варзишгарони мусобиқа имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал — 700 имтиёз, дуюм — 490 имтиёз ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад. Дар мусобиқаи мазкур иштироки 218 нафар варзишгарон аз 31 давлат дар назар аст.
АМИТ «Ховар»