Идораи Ахбор

Сармуҳаррир | Коргардонҳо | Муҳаррирон | Мухбирони минтақавӣ | Наттоқон | Хориҷӣ

Идораи барномаҳои иттилоотӣ аз 69 нафар корманд (сармуҳаррир, саркоргардон, муҳаррирони варзида, муҳарирон, муҳаррирони хурд, коргардонҳо, барномасозон, наттоқон ва мухбирони минтақавӣ) иборат буда, ҳамарўза аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, варзишӣ ва дигар мавзўъҳои рўз хабару гузоришҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ўзбекӣ, англисӣ ва арабӣ таҳия менамоянд.
Дар бахши русии Идораи барномаҳои иттилоотӣ чаҳор муҳаррир фаъолият намуда, ҳамарўза барномаи иттиллотии «Новости» - (ғайр аз рўзи якшанбе) то 15 дақиқа ва рўзи шанбе барномаи ҷамъбастии ҳафта «Панорама»-ро омода менамоянд.
Дар баробари таҳияи гузоришҳо ҳамарўза бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз Идораи барномаҳои иттилоотӣ аз моҳи марти соли 1995 то имрўз барномаҳои иттилоотӣ бо забони ўзбекӣ ҳафтае як маротиба дар ҳаҷми 20 дақиқа пахш мешавад.
Дар ҳайати кормандони Идораи барномаҳои иттилоотӣ бахши наттоқон  аз 11 нафар (наттоқони дараҷаи олӣ, дараҷаҳои якум ва дуюм) иборат аст.
Ҳамчунин дар ҳайати кормандони Идораи барномаҳои иттилоотӣ Шуъбаи мухбирони минтақавии Идораи барномаҳои иттилоотии «Ахбор» 5-нафар (мухбирону наворбардорон) дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд фаъолият менамоянд:
Бунгоҳи мухбирон; дар шаҳри Хуҷанд, бинои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд;
Мухбирони минтақавӣ дар шаҳри Истаравшан-1 нафар (мухбир), дар водии Зарафшон-1 нафар (мухбир) фаъолият менамояд. Бунгоҳи мухбирон дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ қарор дорад.
Мухбирони минтақавии «Телевизиони Тоҷикистон», ки дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар ва шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлобанд, 11 нафарро ташкил медиҳанд. Бунгоҳи мухбирон дар шаҳрҳои Бохтару Кўлоб ҷойгир мебошад;
Мухбирони минтақавӣ дар минтақаи Рашт-2 нафар (мухбир ва наворбардор) ва ноҳияи Лахш-2 мухбир ва наворбардор) фаъолият менамоянд.
Мухбирони минтақавӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон - 3нафар (мухбирону наворбардор) фаъолият менамоянд. Бунгоҳи мухбирон дар Телевизиони Бадахшон аст.

Tags: