Дар натиҷаи муборизаи қатъӣ 1091 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ-экстремистӣ ошкор ва 271 нафар аъзою тарафдорони ин равияҳо дастгир карда шудаанд, ки аз ин 77 нафарашон ҷавонон мебошанд. Аз ин шумора «Бародарони мусулмон» -148, «Давлати Исломӣ»-39, «Гурӯҳи 24»-8, «Ҳизби наҳзати ислом»-17, «Ансоруллоҳ»-8, «Ал-Қоида»-3 нафар, ва «Ҳаракати Толибон»-1 нафар дастгир шуданд. Дар ин хусус имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2020 ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Вазири корҳои дохилӣ иброз намуд, ки имрӯз ҷаҳони муосирро хатари терроризму экстремизм фаро гирифтааст ва ҷумҳурии мо низ аз ин радиф истисно нест ва яке аз самтҳои фаъолияти мақомоти мо мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротӣ-террористӣ мебошад.
Ҳамзамон мавсуф гуфт, ки соли сипаригардида 10 гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб дар ҳайати 37 нафар муайян ва дастгир гардида, аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 1 тоннаву 117 кг 358 гр воситаҳои нашъадор (49 кг 282 гр героин, 481 кг 207 гр афюн, 502 кг 212 гр ҳашиш, 64 кг 780 гр бангдона) мусодира гардид. Дар баробари ин беш аз 791 ҳазор ниҳоли бангдонаи кошташуда ва худрӯй дарёфт ва нобуд карда шуд, ки миқдории умумии он 1 тоннаву 620 кг-ро ташкил медиҳад.
-Дар маҷмӯъ,-гуфт Рамазон Раҳимзода,- аз ҷониби ҳамаи сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 2 тоннаву 425 кг воситаҳои нашъадор мусодира карда шуд.
Вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин аз навъи ҳабҳои синтетикӣ, ки имрӯзҳо дар байни ҷавонон паҳн шудаанд, изҳори нигаронӣ карда зикр намуд, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паҳншавии таблеткаҳои синтетикӣ байни ҷавонон, хусусан дар тарабхонаҳо ва марказҳои дилхушӣ авҷ гирифтааст ва ин хеле ташвишовар аст. «Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт 5 150 дона таблеткаҳои синтетикӣ мусодира гардиданд»,-иттилоъ дод Вазир ба хабарнигорон.
АМИТ «Ховар»