Табодули мол миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ, ба истиснои Беларус, коҳиш ёфтааст

Ҳаҷми табодули мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар соли 2020 беш аз 6% коҳиш ёфт. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора имрӯз агентии «Спутник» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

«Аз моҳи январ то ноябри соли 2020 табодули мол нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 6,2% коҳиш ёфт», — гуфтанд дар вазорат.

Ҳаҷми умумии муомилот имсол беш аз 2,1 миллиард долларро ташкил дод. Ҳамин тариқ, ба кишварҳои ИДМ 50,9% ҳаҷми умумии табодули моли кишвар рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми табодули мол бо Беларус ба таври назаррас -84% ва инчунин бо Озарбойҷон — 7,9% афзуд. Дар ин давра тиҷорат бо кишварҳои дигари ИДМ коҳиш ёфт.

Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, шарикони асосии тиҷорат бо кишварҳои ИДМ Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон буданд.

Россия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти расмӣ, табодули мол байни ду давлат дар 11 моҳи охир 721,3 миллион долларро ташкил додааст (содирот — 25,5 миллион доллар, воридот — 695,8 миллион доллар).

Ҳаҷми мубодила бо Қазоқистон беш аз 795,8 миллион доллар ва бо Ӯзбекистон беш аз 300,4 миллион долларро ташкил медиҳад.

Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рекорди нави содироти маҳсулот ба хориҷро дар соли 2020 эълон кард: дар 11 моҳи аввали соли равон содироти Тоҷикистон аз 1 миллиарду 322 миллион доллар гузашт.

АМИТ «Ховар»

Tags: