Қосим Роҳбар бо нархҳои маҳсулоти ғизоӣ дар бозори шаҳри Бохтар шинос шуд

Раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар зимни сафари корӣ  ба шаҳри Бохтар, ба ғайр аз суҳбату вохӯриҳо бо масъулин ва сокинон   дар самти сарфакорона истифода бурдани  неруи барқ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ,  бо раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода  аз бозори «Ҳоҷишариф»-и шаҳр дидан намуд. Онҳо   бо нархҳои махсулотҳои ғизоӣ  дар ин бозор шинос шуда,  ба масъулин оид   ба танзим даровардани нархҳои маҳсулоти ниёзи аввал дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро расониданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии раиси шаҳри Бохтар иттилоъ доданд.

Зимни боздиди номбаршудагон дар  бозори мазкур 1 килограмм маҳсулоти ниёзи аввал чунин нархгузорӣ шуда буд:  картошка 3,30 сомонӣ, пиёз 1,50 с, сабзӣ 1 сомонию  50 дирам,  шир 3,5 – 4, 5 сомонӣ, тухм 1 сомонӣ,  карам 2 сомонӣ,  гӯшти гов 50 сомонӣ,  гӯшти гӯсфанд 54 сомонӣ,  равғани «Олейна»  19 сомоню 50 дирам,  3 кг равғани пахта 65 сомонӣ,  орди навъи  якум 240 сомонӣ, орди  навъи дуюм 230 сомонӣ.

Зимни боздид  мушоҳида гардид, ки баъзе аз  савдогарони ин  бозор ба сарфаи неруи барқ аҳамияти ҷиддӣ надода,  дар равшании ҳаво, безарурат   чароғи дӯконҳои худро фурӯзон нигоҳ дошта, барои таъмини гармӣ аз таҷҳизоти худсохт, ки оташангез мебошанд, истифода мебаранд. Аз ин рӯ, аз ҷониби меҳмонон баҳри самаранок истифода бурдани  қувваи барқ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дастуру супориш дода шуд.  Инчунин  ба савдогарон дастур дода шуд, ки  ба мардум маҳсулоти хушсифатро пешкаш намуда,  зимни    нархгузорӣ  боинсоф бошанд. Масъулин ҳам барои  танзиму назорати ҷиддии нарху наво дар бозор супориши қатъӣ гирифтанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: