21 декабр муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷараёни бунёди ҶДММ «Ширеши тоҷик»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, корхонаи мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дар он истеҳсоли ширеши сохтмонӣ ба роҳ монда мешавад. Айни замон дар корхона васлу насби таҷҳизот ҷараён дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 25-30 нафар соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.
Сипас, муовини якуми Сарвазири мамлакат ва Раиси вилоят бо корҳои сохтмонӣ дар фермаи парандапарварии ҶДММ «Парандапарварӣ-2017» шинос гардиданд. Масъулини фабрика тасмим доранд, ки доираи фаъолияти худро васеъ намуда, барои парвариши боз 65 ҳазор сар мурғ шароит фароҳам оранд.
Асноӣ шиносоӣ таъкид карда шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бемайлони соҳаи саноати вилоят тамоми имконияту шароит фароҳам оварда шудаанд ва соҳибкорон бо истифода аз ин имконот барои тақвият бахшидани неруи саноатии вилоят нақши муҳим мегузоранд.
Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз фермаи моли калон ва бузпарварии соҳибкорон Мизобаҳодур Умаров ва Даврон Усмонов боздид намуданд.
АМИТ «Ховар»