Фонди қарзии хурди «Файзи Сурхоб» барҳам дода шуд

Дар Тоҷикистон боз як фонди қарзии хурд –«Файзи Сурхоб» барҳам дода шуд. Дар ин хусус Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» қарори марбута қабул намуд.

Тавре хабарнигори АМИТ “Ховар” бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, тибқи ин қарор иҷозатномаи фонди қарзии хурди «Файзи Сурхоб» бозхонд гардид.

Дар айни замон дар Тоҷикистон 19 бонк, 18 ташкилоти амонатии карзии хурд, 5 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: