Дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Маркази мукаммали таълимӣ таъсис ёфт

Дар доираи лоиҳаи «Таҳкими омори демографӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия маблағгузорӣ мегардад, Хазинаи Нуфуси СММ (ЮНФПА) дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ)  Маркази мукаммали таълимӣ таъсис дод, ки бо таҷҳизоти компютерии дорои барномаҳои муосир, чун (Eviews ва Stata) таъмин мебошад.

Тавре аз АМИТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи маркази таълимӣ ноиби Президенти АМИТ Абдураҳмон Муҳаммад, Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Шариф Раҳимзода, мудири минтақавии ЮНФПА тариқи онлайн, Роҳбари дафтари UNFPA дар Тоҷикистон Наргис Раҳимова ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

«Россия барои рушди Тоҷикистон дар рӯҳияи шарики стратегӣ ва ҳамраъйӣ, аз ҷумла дар соҳаи омори демографӣ, ки дар ташаккули сиёсати иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон барои солҳои оянда нақши калидӣ дорад, мусоидат менамояд», — зикр кард Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов.

Маркази нави таълимӣ дорои таҷҳизоти муосир, аз ҷумла, 16 адад компютер, 2 адад принтер, системаи видеоконфронс, тахтаи интерактивӣ, проектор ва дигар таҷҳизоти зарурӣ мебошад. Илова бар ин, ЮНФПА 16 литсензияи таъминоти барномавии STATA ва 16 литсензияи таъминоти барномавии Eviews ба даст овард.

Инчунин ЮНФПА барои таҳкими иқтидори таҳлилии шарикони миллӣ барномаҳои самараноки омориро барои беҳтар намудани пешгӯиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ, воситаҳои моделсозӣ, коркарди маълумот, визуализатсияи омор ва ҳисоботи автоматӣ татбиқ менамояд. Дониши ба даст омада барои таҳлил ва пешгӯии маълумот дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ барои гузаронидани тадқиқот/пурсишҳо истифода шуда,  баҳри таҳияи сиёсатгузории миллӣ дар асоси таҳлилҳо мусоидат мекунад. Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Россия барои дастгирии ин лоиҳа 2,15 миллион доллар ҷудо гардидааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: