Аз 18 то 20 октябр дар Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон, воқеъ дар дараи Алмосии шаҳри Ҳисор марҳилаи финалии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни ҷавонони то 18-сола доир гашт. Дар ин марҳила чор дастаи беҳтарини марҳилаи аввал–«Орзу-2026»-и Академияи ФФТ, «Ашт»-и ноҳияи Ашт, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «ММВЗО»-и шаҳри Душанбе байни ҳам рақобат карданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар асоси низомномаи чемпионат марҳилаи финалӣ тибқи системаи даврӣ дар як давра доир гардид. Холҳои дастаҳо, ки дар марҳилаи аввал ба даст оварда буданд, дар марҳилаи финалӣ ба ҳисоб гирифта шуданд. Дар қисмати ниҳоии чемпионат бозингарони Академияи ФФТ бар дастаҳои футболи «Ашт» (5:0), ММВЗО (6:1) ва «Равшан» (3:1) ғалаба карда, медалҳои тиллоро ба даст оварданд.
Аз аввали мавсим шогирдони Рустам Қурбонов 19 бозӣ анҷом дода, дар 18 бозӣ пирӯз шуданд. Онҳо танҳо як бозиро мусовӣ карда, 55 хол ба даст оварданд. Медалҳои нуқра насиби футболбозони ҷавони «Ашт» гардид, ки 37 хол ҷамъ оварданд. Дастаи футболи ҷавонони «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ба даст овардани 36 хол соҳиби медалҳои биринҷӣ шуд.
Хотиррасон мешавем, ки маросими ҷоизасупорӣ ва ҷамъбасти Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни ҷавонони то 18-сола дар Академияи ФФТ дар шаҳри Ҳисор баргузор шуд. Кумитаи тадорукоти чемпионат беҳтарин бозингаронро муайян кард – Алиҷон Алиаҳмадов («Равшан»), Умед Муратов (ММВЗО), Сарвар Шодмонов («Ашт») ва Фатҳулло Олимзода («Орзӯ-2026»). Ҷоизаи беҳтарин мураббӣ ба Рустам Қурбонов («Орзӯ-2026») тақдим шуд. Абдулло Шарипов (МҶМОВ/ММВЗО), ки ба дарвозаи ҳарифон 31 тӯб ворид кард, беҳтарин нишонзан, Кароматулло Боронов («Орзӯ-2026») беҳтарин бозингари чемпионат эълон гардиданд.
АМИТ «Ховар»