Имрӯз дар Тоҷикистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд

Имрӯз соати 15:10 ба вақти маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд.

Ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази зилзила  дар  километри 295-уми қисмати ҷанубу шарқи  Душанбе, дар ҳудуди  Афғонистон воқеъ будааст.

Шиддати заминларза дар маркази он 4 балл ва дар Душанбе — 2-3 баллро ташкил дод.

Tags: