Садоқат ба Президент-садоқат ба Ватан

Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президент, ки 16 ноябр таҷлил карда мешавад, баргузории як зумра барномаҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ дар назар дошта шудааст.
Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, тибқи нақшаи барномаҳо, дар ин рӯз таҳияи барномаҳои фарҳангӣ дар қасрҳои фарҳанг ва боғҳои фароғатии маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, намоиши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китобхонаҳои марказӣ, инчунин таҳияи намоишномаҳо дар театрҳо ба таври ройгон дар назар дошта шудааст.
«Садоқат ба Президент-садоқат ба Ватан!»-таҳти чунин унвон дар қисмҳои низомӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мақомоти қудратӣ мулоқоту вохӯриҳо бо олимону сиёсатшиносон ва шоирону нависандагон ба нақша гирифта шудааст.
Хотиррасон мекунем, ки 15 апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад.

Tags: