Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Мӯъминобод

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Мӯъминобод мулоқоти самимӣ доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи самимӣ ба мардуми меҳмоннавози Мӯъминобод изҳори сипос карда, таъкид доштанд, ки аз рӯи мушоҳидаҳо, сокинони шукргузори ноҳия барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои созандагию ободониро вусъат мебахшанд.

Таъкид гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва заҳмати аҳлонаи сокинони шарафманди ноҳия соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бомаром рушд карда, ин диёри куҳанбунёд сол ба сол ободу пешрафта ва сатҳу сифати зиндагии сокинони он беҳтар шуда истодааст.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, бунёду барқарорсозии корхонаҳои истеҳсоливу иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳоло Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мӯъминобод барои солҳои 2016-2020 амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он татбиқи 182 лоиҳа ба маблағи беш аз 163 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

То имрӯз 35 лоиҳа пурра амалӣ шуда, татбиқи 37 лоиҳаи дигар идома дорад ва маблағи умумии дар доираи ин лоиҳаҳо азхудшуда 114 миллион сомонӣ ё 70 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳия бо мақсади истиқболи шоистаи ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду навсозии 330 иншоот пешбинӣ гардида, то ба имрӯз корҳои сохтмони 94 иншоот ба итмом расида, корҳо дар 118 иншооти дигар идома доранд.

Имрӯзҳо навсозии роҳи Кӯлоб-Мӯъминобод аз маҳаллаи Сангпари шаҳри Кӯлоб то даромадгоҳи ноҳияи Мӯъминобод, ки масофаи 35 километрро ташкил медиҳад, ба маблағи 223 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он 6 пул таҷдиду навсозӣ мегардад.

Дар ноҳияи Мӯъминобод таҷдиди 25 километр роҳи мошингард, таъмиру навсозии 4 пул, чароғонкунии қитъаҳои роҳ, ки аз маҳалҳои аҳолинишин мегузаранд ва таъмири истгоҳу пиёдаравҳо ба маблағи 165 миллион сомонӣ анҷом дода мешавад.

Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 13 корхонаи саноатӣ доир ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият доранд.

Роҳбарони вилоят ва ноҳия вазифадор гардиданд, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати бартарафсозии камбудиву норасоиҳои мавҷуда ва таъмин намудани рушди босуботи саноати ноҳия тадбирҳои мушаххас андешанд.

Соли ҷорӣ дар ноҳия дар майдони 1541 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо 24 фоиз зиёд мебошад. Вале истеҳсоли картошка дар муқоиса бо соли гузашта ҳамагӣ ду фоиз зиёд гардидааст.

Дар шароити имрӯза масъалаи истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин, беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосил, инчунин ҳарчи зиёд намудани майдони кишти такрорӣ бисёр муҳим мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки  истифодаи мақсадноку самараноки замин, гирифтани ду — се ҳосил аз як замин ва дар ҳар як оила барои ду сол захира кардани озуқаворӣ андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ноҳия ҳамагӣ 48 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ амал мекард. Дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва бо саҳми соҳибкорони бонангу номуси ноҳия ҳоло шумораи муассисаҳои таълимӣ ба 64 расидааст.

Имрӯз дар ҳудуди ноҳия 3 беморхона бо 227 кат фаъолият доранд, ки барои пурра қонеъ сохтани эҳтиёҷоти сокинон нокифоя мебошад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадор шуданд, ки доир ба ҳалли камбудиҳои зикргардида тадбирҳои бетаъхир андешанд.

Вобаста ба имконоти ноҳия дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳбарони ноҳия ва Кумитаи рушди сайёҳӣ вазифадор гардиданд, ки ҳамкориро бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ доир ба ташкили шароити мусоиди инфрасохторӣ дар мавзеъҳои зебову дилнишини ноҳия, ба макони сайру саёҳат, махсусан сайёҳии экологӣ табдил додани онҳо ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба мардуми меҳнатқарини ноҳияи Мӯъминобод дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии давлату Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини зиндагии сазовор барору комёбӣ орзу карданд.

Баъди суханронии Сарвари давлат сокинони ноҳияи Мӯъминобод, ҷавонону собиқадорон, аз ҷумла Гулафрӯзи Абдусаттор – донишҷӯ,  Мадина Нозимова – хонанда ва Гулбарг Боқиева – соҳибкор сухан гуфта, шукронаи даврони соҳибистиқлолию сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: