24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зистро ба истифода супурданд.
Бинои навбунёд ва хуштарҳу замонавии бахши ҳифзи муҳити зист аз се ошёна иборат буда, дорои 10 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ, осорхона ва меҳмонхона мебошад.
Аснои шиносоӣ бо шароити бинои навбунёд ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони иншооти мазкур соли 2020 оғоз гардида, дар муҳлати камтар аз як сол бо харҷи зиёда аз 2 миллион сомонӣ бунёд карда шуд.
Бинои бахши ҳифзи муҳити зист, ки аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомон — Орзу” – и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, дар он шароити арзандаи корӣ фароҳам мебошад.
Утоқҳои кории бинои бахши ҳифзи муҳити зист бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои фаъолияти минбаъдаи кормандон имконоти зиёд мавҷуд аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дастур доданд, ки барои муҳофизати олами набототу ҳайвоноти нодир, ки дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин хеле зиёд аст, бо ҳисси масъулияти баланд фаъолият намоянд.
Солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон дар баробари сохтмони марказҳои хизматрасонӣ даҳҳо биноҳои маъмурӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ба ҳусни ноҳия зебоии дигар зам карданд.
АМИТ «Ховар»