«Марде аз сарнавишт»-филми мустанад бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки минбаъд ҳамасола  16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, рӯзҳои 15-16 ноябри соли равон тавассути тамоми шабакаҳои давлатии телевизионии Тоҷикистон филми мустанади «Марде аз сарнавишт» пахш мегардад. Дар филми мазкур нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар таҳкими давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот дар қаламрави кишвар, расидан ба истиқлолияти комил ва пешрафту тараққиёти мамлакат ба намоиш гузошта мешавад.

Филми «Марде аз сарнавишт» бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.

Дар филми мазкур коршиносону сиёсатмадорони барҷаста, ходимони намоёни давлатӣ ва бевосита худи Президенти мамлакат оид ба нақши Пешвои миллат дар бартараф намудани оқибатҳои даҳшатбори ҷанги гражданӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо то нафари охирин,  соҳибихтиёрии Тоҷикистон, ташаббусҳои ин марди наҷиб дар арсаи байналмилалӣ, обрӯю нуфузи рӯзафзуни Тоҷикистон ибрози андеша менамоянд.

«Марде аз сарнавишт»  аз ду қисмат иборат буда, рӯзҳои 15-16 ноябр тавассути шабакаҳои телевизионии мамлакат намоиш дода мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: