COVID-19: Дар Тоҷикистон санҷиши оммавии тестӣ идома дорад

Сокинони Тоҷикистон аз санҷиши оммавии тестӣ ҷиҳати муайян намудани сирояти COVID-19 мегузаранд. Дар ҷумҳурӣ ҳар рӯз то се ҳазор нафар шаҳрванд аз санҷиш мегузарад, иттилоъ медиҳад шабакаи телевизионии «МИР-24».

Донишҷӯён ва омӯзгорон, кормандони идораҳои давлатӣ ҳатман бояд барои ташхиси коронавирус намуна супоранд. Дар мамлакат зиёда аз даҳ озмоишгоҳ фаъолият мекунанд. Аз ҷумла, дар яке аз онҳо, ки дар пойтахт воқеъ аст, дар тӯли панҷ моҳ зиёда аз 24 ҳазор нафар сокинон аз санҷиш гузаштаанд.

«Системаҳои санҷиши тестӣ аз Россия ва Чин оварда мешаванд. Натиҷаи якум дар муддати шаш соат маълум мешавад ва тести чинӣ — дар се соат. Аммо мешавад, ки баъзе санҷишҳо натиҷаи нодуруст диҳанд, пас дар чунин ҳолатҳо мо аз тестҳои ҳамсон (аналог) истифода мебарем»,- гуфт роҳбари озмоишгоҳи вирусологӣ Нигина Зокирова.

АМИТ «Ховар»

Tags: