Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ифтитоҳ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни иншооти навбунёд бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи таълимии замонавӣ оғози расмӣ бахшиданд.
Мактаби мазкур барои 1200 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, омӯзгорони соҳибтаҷриба ба хонандагон дарс мегӯянд. Ин муассисаи таълимӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 24 синфхонаи барҳавои таълимӣ, аз ҷумла кабинетҳои фаннии кимиё, физика, математика, биология, табиатшиносӣ, география, озмоишгоҳҳои таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Дар таҳхонаи муассисаи нави таълимӣ синфхонаҳои касбу ҳунаромӯзӣ барои писарон ва духтарон ҷойгир буда, ҳамаи синфхонаҳо ва утоқҳои кории муассиса бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст карда шудааст.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар муассисаи навбунёди замонавӣ баҳои баланд дода, аз фароҳам овардани шароити арзандаи таълим ба масъулон ва омӯзгорон барои тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон ва дар рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ ба воя расидани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Муассисаи таълимии навбунёд дорои толори барҳавои варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол бо 300 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ бо 280 ҷой ва ошхона бо 240 ҷойи нишаст мебошад.
Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори 30 — солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд гардида, он беҳтарин туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба сокинони маҳаллаи Ганҷободи шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ба шумор меравад.
Бинои муассисаи навсохт бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ қомат афрохтааст.
Зимни корҳои сохтмонӣ, ки ду сол идома ёфтанд, беш аз 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд.
Баробари бунёди толори барҳавои варзишӣ ҳамчунин дар шафати мактаб майдони варзишӣ низ бунёд карда шудааст, ки хонандагон имкон доранд ба бозиҳои гуногун машғул шаванд.
Дар баробари фароҳам оварданаи шароити арзандаи таълиму тарбия ҳамзамон ҳудуди муассиса ободу зебо гардонида шуда, гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо имконоти таълиму тадрис дар муассисаи мазкур бо омӯзгорону хонандагон суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Таъкид гардид, ки омӯзгорон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи хонандагон фаъолият намоянд, зеро дар ин муассисаи навбунёди замонавӣ тамоми шароит мавҷуд аст.
Мавриди зикр аст, ки ин боргоҳи маърифат дар маҳаллаи навбунёди Ганҷобод нахустин муассисаи таълимӣ буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон беҳтарин имкони донишандӯзӣ мебошад.
АМИТ «Ховар»