Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), шумораи беморони фавтида бо ташхиси тасдиқшудаи коронавирус дар ҷаҳон то 10 сентябр ба 908 ҳазор нафар расидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаҳон зиёда аз 28 миллион нафар аз COVID-19 сироят ва 20,1 миллион тан шифо ёфтаанд.
Аз рӯи шумораи фавтҳо дар байни кишварҳо ИМА бо нишондиҳандаи 195,2 ҳазор фавт дар сафи пеш қарор дорад. Дар ҷойи дуюм Бразилия бо 128,6 ҳазор фавт ва дар ҷойи сеюм Ҳиндустон бо 75 ҳазор тан ҷонбохтаи пандемия қарор доранд.
Дар Россия беш аз 1 миллион нафар гирифтори коронавирус шудаанд, 856,4 ҳазор нафар аз COVID-19 шифо ёфта ва 18,1 ҳазор тан ҷон бохтаанд.
Дар Тоҷикистон давоми шабонарӯзи гузашта 39 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ва 1 ҳолати фавт аз ин беморӣ ошкор шудааст. Шумораи умумии гирифторони коронавируси нав дар давраи аз 30 апрел то 9 сентябр ба 8899 нафар расидааст. То имрӯз дар мамлакат 7683 нафар ё 86,3%-и сироятёфтагони ин беморӣ шифо ёфтаанд. Аммо ба асари COVID-19 71 тан ҷон бохтааст. Шабонарӯзи гузашта 93 нафар бо гумони сироятёбӣ таҳти назорати табибон қарор дошта, 33 нафар пас аз шифо ёфтан рухсат шудаанд.
АМИТ «Ховар»