Дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заминҳои «Боғи Сомон» дар Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Камол» шинос шуданд.
Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳадафи ин сафари Пешвои муаззами миллат шиносоӣ аз рафти иҷроиши «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020», татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат мебошад.
Бо дарназардошти имконоти васеи шаҳри саноатию аграрии Турсунзода имрӯз дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни боздид аз хоҷагиҳо байни сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода барои дар давраи тирамоҳу зимистони дар пеш истода, мунтазам таъмин кардани бозорҳои истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти хушсифат, зироатҳо ва дигар маводи ниёзи аввал, шартномаҳои дутарафаи ҳамкорӣ баста мешавад.
«Боғи Сомон» бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ташкил ёфта, 1100 нафар саҳмдор дорад.
Боғи Сомон яке аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарварии мамлакат ба шумор рафта, кормандони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва парвариши ангурро соҳибанд.
Дар ҷамъбасти соли 2019 хоҷагӣ 4692 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо ангури хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар саҳм гузошт.
Соли ҷорӣ низ ҳосил фаровон буда, то имрӯз аз токзор беш аз 700 тонна маҳсулот ба бозори истеъмолӣ бароварда шуд.
Дар «Боғи Сомон» ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳосили фаровони ангурзор пешкаш гардид.
Бояд гуфт, ки дар заминҳои хоҷагӣ ангурҳои навъи «Ҳусайнии сиёҳу сафед», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед» ва ғайраҳо парвариш карда мешавад.
Дар хоҷагӣ бунёди сардхона роҳандозӣ гардида, ғунҷоиши маҳсулот дар сардхонаҳои хоҷагӣ ба 2 ҳазор тонна расонида шуд, ки ба ин васила хоҷагидорон метавонанд қариб дар ҳамаи фаслҳои сол бозорҳои кишварро бо меваю сабзавоти худӣ таъмин намоянд.
Роҳбарии Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Камол»-ро Маҳмадамин Камолов — писари боғпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ Камол Мадумаров ба ӯҳда дорад.
Дар хоҷагӣ баробари парвариши намудҳои гуногуни ангур, ба чорводорӣ, аз ҷумла парвариши чорвои калону майда низ машғул аст. Айни ҳол хоҷагӣ зиёда 4800 сар чорвои хурд ва бештар аз 60 сар чорвои калони шохдорро дар ихтиёр дорад.
Роҳбарияти хоҷагӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои хайр ва дастгирии табақаи ниёзманд саҳми муносиб мегузоранд.
Дар самти мубориза бар зидди бемории нави сироятии короновирус аз ҳисоби даромади софи аз тарафи хоҷагӣ ба Фонди хайриявии Тоҷикистон 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ гузаронида шуда, ба беморхонаи марказӣ як мошини муосири ёрии таъҷилӣ туҳфа гардид.
Саҳми хоҷагӣ дар бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла мактаб ва бунгоҳҳои тиббӣ назаррас аст. Роҳбарияти хоҷагӣ сарпарастии омӯзгорони деҳаро ба ӯҳда доранд.
Бо роҳи бунёди 3 ҷоҳи амудӣ сокинони 5 деҳа бо оби нӯшокӣ таъмин шуд. Бо дастгирии хоҷагӣ сокинон бо таври ҳашар муассисаҳои таълимӣ ва роҳҳоро аз таъмир бароварданд.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти боғпарварон ва боздид аз токзори намунавии Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷи Камол” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори пурсамару боровари боғдорон баҳои баланд доданд.
Мавриди зикр аст, ки боғдорони шаҳри Турсунзода Неъматҷон Усмонов ва шодравон Камол Мадумаров мактаби махсуси худро доранд бо фаъолияти намунавии худ дар роҳи парвариши ангур Тоҷикистонро дар кишварҳои хориҷ муаррифӣ кардаанд.
Аз ҷумла, бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони як қатор давлатҳои хориҷи дуру наздик аз ин боғҳо боздид кардаанд.
27 сентябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода дар ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов аз фаъолияти токпарварони номдору собиқадори Хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» ва «Ҳоҷӣ Камол» дидан намуданд.
Сарони давлатҳо зимни боздид аз майдонҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар онҳо парвариши навъҳои ангури хуштамъ бо санъати шоистаи касбӣ парвариш меёбанд ва дорои талабгорони зиёд дар бозорҳои минтақа мебошанд, баҳои баланд доданд.
29 сентябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар шаҳри Турсунзода бо фаъолияти токпарварони Хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» ва «Ҳоҷӣ Камол» шиносоӣ пайдо намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко зимни боздид аз ангурбоғи ин хоҷагӣ ба усули парвариши ин навъи меваи хуштаъм таваҷҷуҳ зоҳир намуданд ва барои роҳандозии ҳамкориҳо дар ин самт, махсусан бо хоҷагиҳои деҳқонии Ҷумҳурии Беларус таъкид карда шуд.
АМИТ «Ховар»