Дар Кӯлоб довталабони хизмати аскарӣ бо шаҳодатномаи ронандагӣ таъмин мегарданд

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Рушди роҳнавард», воқеъ дар  шаҳри Кӯлоб довталабони хизмати аскариро баъди омӯзиш бо 14 дараҷа (категория)-и ронандагӣ таъмин менамояд.

Бино ба иттилои  роҳбари ҷамъияти мазкур Зафар Табаров, айни ҳол зиёда аз 3410 нафар довталаб ба таълими дарсҳои ронандагӣ фаро гирифта шудаанд.

Ҷамъияти «Рушди роҳнавард» бо 27 мактаби ронандагии минтақаи  Кӯлоб шартнома дошта,  мувофиқи он амал менамояд.

Ба хотири  даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои  мусаллаҳ ва таъмин намудани онҳо бо шаҳодатномаҳои ронандагӣ 1690 нафар  даъватшавандагон  бо дараҷаҳои «С» ва «С -1» ба таври ройгон таъмин карда шуданд. Инчунин барои ҳавасмандгардонӣ онҳо  аз ҷониби  ҳукуматҳои маҳаллӣ бо дараҷаи «Б» низ таъмин карда мешаванд.

Ҷамъият дорои 4 синфхона  буда, бо тамоми лавозимоти дарсӣ таъмин мебошанд. Барои аз санҷиш гузаштани довталабон 7 мошини сабукрав, 2 адад мототсикл, 2 адад автобус ва 4 адад  мошини  боркаш мавҷуданд. Дар онҳо довталабонро бо қисмҳои эҳтиётии нақлиёт шинос намуда, тарзи рондани нақлиётро меомӯзонанд.

Кормандони ҷамъият кӯшиш менамоянд ба аҳолии минтақаи Кӯлоб хизмат расонида, ҷавононро сари вақт бо шаҳодатномаи ронандагӣ таъмин намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: