ИНТИХОБОТ-2020. Имрӯз нахустин номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода имрӯз дар анҷумани VIII  ҳизб номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.   

Тавре Хабарнигорри АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад,  дар  анҷумани навбатии ҲАТ 120 нафар вакилон иштирок намуданд. Бо овоздиҳии якдилонаи вакилони анҷуман Рустам Латифзода нахустин номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб карда шуд.

Раиси ҲАТ  Рустам Латифзода  дар маърӯзаи худ иброз намуд, ки  таъмини амнияти давлатӣ ва марзҳо, амнияти озуқаворӣ, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва иқтисодиёт аз мавзӯъҳои калидии барномаи пешазинтихоботии ӯ  ба шумор мераванд.

«Мо ду маротиба, яъне соли 2006 ва 2013 таҷрибаи иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аллакай касб кардаем ва ба натиҷаҳои назаррас низ дар ин маъракаҳо ноил гаштаем», -афзуд Рустам Латифзода.

 Дар Анҷуман инчунин раисони Кумитаи иҷроияи ҲАТ дар вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияи  Рашт сухан гуфтанд.

Таъкид гардид, ки  ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲАТ ҳамчун ҳизби ҳомии деҳқону деҳотиён ҳамаи онҳоеро, ки ба рушди деҳот ва кишоварзии мамлакат, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва кори деҳотиён бетафовут нестанд, муттаҳид намуда, ба майдони сиёсат ворид шуд.  Ва ба ин минвол ҲАТ худро вазифадор  донист,  ки дар ҳаёти сиёсӣ ва рушду нумӯи мамлакат саҳми муносиб гузорад.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат  11 октябри соли 2020, рӯзи якшанбе таъйин карда шудааст.

АМИТ «Ховар»
Tags: