Дирӯз дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 186 нафар шаҳрвандони мамлакат аз шаҳри Истанбул ба Душанбе баргардонида шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин шаҳрвандон бино ба қатъ гардидани парвозҳо дар Ҷумҳурии Туркия дармонда буданд ва бо парвози махсуси ширкати «Сомон Эйр» ба Ватан оварда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан, 26 июл 174 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз кишварҳои дигар барои баргаштан ба Ватан ба шаҳри Истанбул омада буданд, бо ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба Душанбе оварда шуданд.
АМИТ «Ховар»