Минбаъд муқаррарсозию мувофиқа намудани реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо, хизматрасонии маишии ҳудуди пойтахт, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ аз ҷониби Комиссияи дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳолати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои расмии тасдиқкунандаи моликият (соҳибмулкӣ) ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Дар ин бора Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси щаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, ин амал бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои иштирокчиёни муносибатҳои меҳнатӣ, сода гардонидани тартиби муқаррарсозӣ ва мувофиқаи реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ равона гардидааст.
Рустами Эмомалӣ Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо вазифадор намудааст, ки бо мақсади таъмини иҷрои қарори мазкур ва пешгирии халалдор кардани оромии сокинони пойтахт тадбирҳои зарурии таъхирнопазир андешад. Зеро баъзан аз ҷониби марказҳои хизматрасоние, ки дар ошёнаҳои якум ва наздикии биноҳои истиқоматӣ ҷойгиранд, реҷаи корӣ риоя намешавад, ки ин сабаби халалдор гардидани оромии сокинони шаҳр дар соатҳои дамгирии онҳо баъди фаъолияти корӣ мегардад.
АМИТ «Ховар»