Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим, бо сафари корӣ ба шаҳри бостонии Ҳисор ташриф оварданд.
Сокинони шаҳр Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукуҳи хоса ва эҳтироми самимӣ истиқбол гирифтанд.