Шурӯъ аз имрӯз то 7 август даҳ нафар кормандони Раёсат оид ба масъалаҳои кӯли Сарез ва Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи омӯзишии барномаҳои махсуси компютерӣ мегузаранд, то дар кори ҳамарӯзии худ онро истифода баранд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Барномаи омӯзишии компютерии мазкур дар доираи татбиқи «Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳо», ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд татбиқ мекунад, бо мақсади такмили ихтисоси кормандони Кумита дар Маркази таълимии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Технологияи нав ва барномаҳои ҷолиби компютерӣ барои роҳандозии мониторинг, хабардоркунии бармаҳал дар кӯли Сарез ва минтақаҳои атрофи он, инчунин ба роҳ мондани корҳои зидди жола аз ҷониби мураббиёни соҳибтаҷриба омӯзонида мешаванд.
АМИТ «Ховар»