Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон», хоҷагиҳои деҳқонии «Фатҳиддин» ва «Барно» дар ноҳияи Данғара боздид намуданд

25 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон қарор доштанд.

Ҳадафи ин сафар шиносоӣ аз рафти корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосили дар хоҷагиҳо парваришшуда, кишти такрорӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи самараноки заминҳо, ташкили боғҳои интенсивии ба содирот нигаронидашуда, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, афзоиши содироти маҳсулот ва захираи зарурии маводи ғизоӣ мебошад.

Зимни сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти коргарони хоҷагиҳои «Сомонҷон», «Фатҳиддин» ва «Барно» шинос шуданд.

Боздиди кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии «Сомонҷон» оғоз ёфт.

Ёдовар мешавем, ки солҳои 2018 ва 2019 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии «Сомонҷон» 200 гектар боғи интенсивӣ таъсис ёфта буд. Ҳамон вақт Президенти мамлакат ба роҳбарияти Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» супориш дода буданд, ки то ба ҳосил даромадани боғҳо дар байни қатори дарахтон маҳсулоти гуногун, аз ҷумла полезӣ, помидор, бодиринг, каду, пиёз, картошка ва қаланфури булғорӣ кишт намоянд.

Ташрифи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин хоҷагӣ назорати рафти иҷроиши супоришҳо мебошад.

Зимни боздид аз Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарзандону наберагон аз заминҳои полезӣ, ки ҳосили фаровон парвариш ёфтааст, тарбузу харбуза ҷамъоварӣ карданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастур доданд, ки аз ҳосили имрӯз ҷамъоваришуда ба ду муассисаи пойтахт — Мактаб — интернати рақами 1 барои кӯдакони ятиму бесаробон ва Мактаб — интернати рақами 2-и кӯдакони ятими шаҳри Душанбе ду мошини пурбор бо 20 тонн полезӣ кумаки моддӣ расонанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи короновирус, таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба захираи маводи ғизоӣ, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ супориш ва мардуми кишвар барои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, руёнидани ду се ҳосил ва ба таври кофӣ захира кардани маводи ғизоӣ дар хонаҳояшон дастуру ҳидоятҳо медиҳанд.

Дар хоҷагии бисёрсоҳаи «Сомонҷон» имсол дар майдони 170 гектар полезӣ кишт карда шудааст, ки аз ин 130 гектар дар байни боғҳо кишт гардида, ҳосили фаровон дорад.

Дар хоҷагӣ масъалаи истифодаи замин ба таври намуна ба роҳ монда шуда, ба ғайр аз тарбузу харбуза дар байни қатори боғҳо 60 гектар макадон ва 10 гектар бо обёрии қатрагӣ пиёз кишт гардидааст.

Нақшаи кишти такрории хоҷагӣ низ хуб буда, коргарон дар заминҳои аз зироати ғалладона холишуда макадон, мош, помидор, тарбуз, бодиринг, каду, картошка, капуст ва дар 150 гектар сабзӣ коридаанд.

Тавре мушоҳида гардид, ҳосили дилхоҳ зироат ва полезӣ дар хоҷагии «Сомонҷон» имсол фаровон аст.

Деҳқонони хоҷагӣ маҳсулоти парваришкардаи худро аз сари замин ба тоҷирон мефурӯшанд. Содироти тарбузу харбуза ва дигар сабзавоту меваҷоти хоҷагӣ ба бозорҳои ноҳияи Данғара, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва пойтахт хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар хоҷагии «Сомонҷон» Сарвари давлат бо фарзандону наберагон аз заминҳои серҳосили тарбуз, харбуза ва маккаи дон дидан карданд.

Дар ин хоҷагӣ таҷрибаи олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва аз ҳама асос ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар бахши боғдорӣ, зироаткорӣ ва полезӣ хуб истифода мегардад. Натиҷаи ҳамин аст, ки парвариши дилхоҳ маҳсулоти кишоварзӣ ҳосили фаровон медиҳад.

Дар ин ҷо ҳамчунин ба масъалаи азхудкунии заминҳои талу теппаи беҳосилу солҳо бекорхобида аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо аввалин ҳосили заминҳои обёришуда ва ба гардиши кишоварзӣ даровардашуда шинос шуда, ба кори хоҷагидорон баҳои баланд доданд.

Ин тарзи ташкили кор аз бисёр ҷиҳат метавонад намунаи ибрати дигар истифодабарандагони замин гардад, зеро дар хоҷагӣ ягон порча замин бекор нест. Аз ҳар як қитъа ду се ҳосил гирифта мешавад.

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи Хоҷагии деҳқонии «Барно» дидан карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои дарахтони боғи интенсивӣ шинос шуданд.

Дар ин ҷо дар масоҳати 11 гектар замини солҳо бекорхобида бо тариқи обрасонӣ боғ бунёд карда шудааст, ки 60 нафар бо кори доимӣ ва дар мавсим беш аз 200 нафар барои ҷамъоварии ҳосил ба кор ҷалб мегарданд.

Коргарони хоҷагии деҳқонии «Барно» байни қатори боғро самаранок истифода бурда, кишти полезӣ, картошка, помидору бодиринг ва лубиёгиҳо гузаронидаанд.

Ҳолати токзори боғ низ хуб буда, дар 4 гектар 460 бех ангур парвариш меёбад.

Дар масоҳати 11 гектар боғи хоҷагӣ, ки аз соли 2014 шинонидани дарахтон оғоз гардид, то имрӯз дарахти олу 1706 бех, себи шоҳӣ 276 адад, себи интенсиви 260, зардолу 400, шафтолу 420, гелос 146, олучаи бобогӣ 200, ангур 460 ва хуч 1000 адад мавҷуд аст.

Аз ҳосили ба дастоварда имсол 36 тонна олуи хушсифат ба Федератсияи Россия ва 20 тонна олу барои коркард ба корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Муъминобод фиристода шуд. Дар худи хоҷагӣ қариб 20 тонна зардолу хушк кардаанд.

Дар доираи сафари корӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зулоли деҳоти Исмат Шариф ҳамчунин аз заминҳои полезии Хоҷагии деҳқонии «Фатҳиддин» боздид намуданд.

Коргарони хоҷагӣ дар майдони 12 гектар кишти полезии тарбузу харбуза гузарондаанд, ки ҳосилаш фаровон аст.

Дар ин ҷо тариқи кишти зериплёнка навъҳои серҳосил ва хуштамъи тарбузу харбуза кишт карда шудааст. Дар байни қаторҳо бошад, парвариши дигар сабзавот ба роҳ монда шудааст.

Аз руи маълумоти роҳбарияти деҳоти ба номи Исмат Шариф дар ҳудуди ҷамоат 7130 гектар замин мавҷуд аст, ки аз он 2510 гектар обӣ ва 220 гектар боғ мебошад.

Кишти полезӣ дар ин деҳот 130 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин дар 10 гектар замини лалмӣ ва 120 гектар обӣ кишт гузаронида шудааст.

Нақшаи кишти такрории деҳоти ба номи Исмат Шариф 1170 гектар буда, дар 800 гектар кишт гузаронида шудааст. Корҳо дар ин самт ҳануз идома дошта, нақша доранд дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишти картошкаро ба роҳ монанд.

Ноҳияи Данғара дар вилояти Хатлон яке аз ноҳияҳои калонтарини саноатию аграрӣ ба шумор меравад.

Аз руи маълумоти Раёсати кишоварзии ноҳияи Данғара ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 июли соли 2020 ба 389 миллион сомонӣ баробар гардида, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,4 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.

Тибқи маълумоти оморӣ кишоварзони ноҳия дар майдони 40 ҳазору 697 гектар кишти зироатҳо, аз ҷумла, дар 30 ҳазор гектар ғалладонагӣ, 690 гектар картошка, 1389 гектар сабзавот, 4587 гектар пахта ва ғайра гузаронидаанд.

Ҳамаи ҷаҳду талоши сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Данғара ба он равона гардидааст, ки бо истифода аз тамоми имконият ва боду ҳавои мусоид, инчунин истеҳсоли маводи ниёзи аввал дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиб гузоранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: