Дар давраи пандемияи сирояти COVID-19 ва бар асари он баста шудани сарҳадҳои давлатҳо ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ — «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» тавассути парвозҳои чартерӣ беш аз чор ҳазор шаҳрвандони мамлакатро аз кишварҳои хориҷӣ, назири Россия, Туркия, Полша, Германия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Италия, Украина, Эрон, Покистон, Афғонистон, Кувайт, Чин ва Амрико ба Тоҷикистон баргардониданд.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода имрӯз дар Душанбе дар нишасти хабарӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ки дар давраи пандемия ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ тавассути парвозҳои махсус беш аз 173 тонна таҷҳизоти тиббӣ ва маводи дорувориро ба Тоҷикистон интиқол додаанд.
Зикр шуд, ки ширкати ватании ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар ин давра 80 парвози мунтазам, ду парвози фармоишӣ дар масири Душанбе-Москва-Душанбе, 1 парвози фармоишӣ дар хатсайри Душанбе- Қазон-Душанбе, 11 парвози фармоишӣ дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Душанбе бо ҳавопаймои Боинг 757-200 ва як парвоз бо ҳавопаймои Ан- 28 дар хастсайри Душанбе –Хоруғ –Душанбе иҷро намуд.
Инчунин директори ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки бо дастури Президенти мамлакат ширкати «Тоҷик Эйр» 245 нафар мусофирон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон ройгон интиқол дод, ки маблағи чиптаро Ҳукумати мамлакат пардохт намудааст.
АМИТ «Ховар»