Президенти FIFA Ҷанни Инфантино «Истиқлол»-и Душанберо бо унвони чемпионӣ табрик кард

Президенти Федератсияи футболи ҷаҳонӣ Ҷанни Инфантино дастаи «Истиқлол»-и Душанберо, ки маротибаи панҷум унвони чемпионии Тоҷикистонро ба даст овард, табрик кард.
Ӯ дар номаи шодбошӣ, ки ба унвони Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ирсол шудааст, гуфтааст: «Ҷаноби Президент! Табрикоти маро ба ҳайати дастаи «Истиқлол», ки унвони чемпиониро сазовор шудааст, бо эҳтиром расонед. Ғалаба дар Чемпионат боиси ифтихор ва самараи меҳнату заҳмати хуб мебошад. Ман медонам, ки барои ба ғалаба ноил шудан чӣ қадар заҳмату меҳнат кашидан лозим меояд. Ин натиҷаи кори ҳамаи шахсони дахлдор аст. Ин ғалабаи даставӣ аст ва ҳама аз он ифтихор мекунанд- бозингарон, мураббиён, кормандони техникиву тиббӣ ва аз ҳама муҳим, мухлисони содиқи он.
Футбол дар ҳақиқат мактаби ҳаёт аст ва боварӣ дорам , ки ҷавонони имрӯза аз он баҳра мебардоранд. Аз ин хотир ба ҳамаи дастандаркорони КФ «Истиқлол» мерасонам, ки дар ҳамин рӯҳияи пешоҳангӣ барои ноил шудан ба комёбиҳо фаъолият намоянд».

АМИТ «Ховар»

Tags: