Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳр Мавсума Муинӣ, муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Ҳотамҷон Дадабойзода, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва намояндгони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута дар боғи ба номи С. Айнӣ ҷаласаи сайёри гурӯҳи корӣ оид ба тақвияти корҳои таблиғотӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии COVID-19 доир гардид. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шукуров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Зимни мулоқот аз фаъолияти кории гурӯҳҳо натиҷагирӣ гардида, вобаста ба идомаи тадбирҳо дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Сипас гурӯҳҳои корӣ фаъолияти худро дар маконҳои муайянгардида бо ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти ниқобҳои муҳофизатии тиббии ройгон ба роҳ монданд.
Мавриди зикр аст, ки кормандони милитсияи пойтахт низ ба ҳайати гурӯҳҳои корӣ шомил буда, ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва тарғибу ташвиқи василаҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба ин бемории ҳамагир кору амалиётҳои профилактикиро дар байни сокинону меҳмонони пойтахт фаъолона ба роҳ мондаанд. Метавон гуфт, ки танҳо ҳамаи мо шаҳрвандон дар ҳамбастагӣ метавонем ба ҳар мушкилоте аз ҷумла ин бемории сироятӣ ғолиб омада, саломатии худ ва аҳли хонадони худро нигоҳ дорем.
АМИТ «Ховар»