Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баҳри пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ба кӯдакони навзод ва синни шашсола эмгузаронӣ анҷом шуд.
Директори маркази иммунопрофилактикии ноҳия Назардод Мирзозода зимни суҳбат иброз намуд, ки мақсади барномаи иммунопрофилактика дар байни кӯдакон барҳам додани бемориҳои сироятии идорашаванда аз қабили ваксинаи зидди гепатит, бемории фалаҷ, бемории сурхча, бемории гемофилия, гулузиндонак, кузоз, бемории сил ва дигар бемории сироятӣ мебошад, ки ҳар як оиларо зарур аст доир ба пешгирии ин бемориҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, сари вақт ба марказ муроҷиат намоянд.
Дар асоси барнома, маркази иммунопрофилактикаи ноҳия ҳар моҳ тамоми марказҳои саломатиро бо ваксинаҳо, сӯзандоруҳо, таҷҳизот барои нигаҳдории занҷири яхбандӣ, ҳуҷҷатҳои шакли -063, шиноснома, маҷаллаи қайди назорати ваксинаҳо, маҷаллаи иммунизатсиякунӣ ва дигар намуди дастурамалҳо оиди бемориҳои сироятии идорашавандаро таъмин менамояд.
Бино ба зикри манбаъ дар панҷ моҳи соли равон 545 нафар кӯдак таваллуд ва ҳар навзод сари вақт бо ваксинаҳои нақшавӣ фаро гирифта шудаанд. Маркази иммунопрофилактика ҳамарӯза назоратро барои бехатарии иммунизатсия дар байни кӯдакон мебарад.
Дар баробар ин, кормандони маркази мазкур баҳри пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, хусусан каронавирус ба ҷамоатҳои дурдаст сафар намуда, ба аҳолии маҳаллӣ вохӯриҳо мегузаронанд.
АМИТ «Ховар»