Об манбаи ҳаёт. Сокинони кӯчаи Ваҳдати ноҳияи Муъминобод бо об таъмин шуданд

Сокинони кӯчаи Ваҳдати ҷамоати шаҳраки Муъминобод бо дарозии  1000 м бо қубури қутраш 76 мм ба об таъмин карда шуданд. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ин кӯча навтаъсис буда, зиёда аз 250 хонаи истиқоматӣ дорад. Ин иқдом ба ифтихори Ваҳдати миллӣ ва иҷрои як банди нақшаи 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод буда, он бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Корхонаи фаръии обтаминкунӣ ва бо саҳми сокинони кӯчаи зикргардида  амалӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки аҳолии ноҳияи Муъминобод 95 000 буда, сокинони ноҳияи мазкур ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, сабзазоркунӣ, таъмири хонаю дар, тозаву озода намудани ҳавлӣ, кӯчаю маҳалла ва самаранок  истифода бурдани ҳар қитъа замини наздиҳавлигӣ камари ҳиммат бастаанду барои пешрафти ноҳия талош меварзанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: