АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ: Парвозҳои мунтазами байналмилалӣ миёни Тоҷикистону Россия пас аз беҳ гардидани вазъият вобаста ба CОVID-19 барқарор мешаванд

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш менамояд, ба ҳар гуна хабару овозаҳое, ки асоси воқеӣ надоранд, дода нашуда, аз харидории чиптаи ҳавопаймоӣ то нашр гардидани изҳороти расмӣ вобаста ба барқарорсозии хатсайрҳои мунтазам худдорӣ намоянд, зеро айни замон, парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барқарор нагардидааст. 

Дар Агентии мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки бо хурӯҷи босуръати вируси сироятии CОVID-19 Ташкилоти байналмилалии тандурустӣ бемории сироятии мазкурро пандемия эълон намуд ва дар ин асос аксари давлатҳои ҷаҳон бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси сироятии CОVID-19 ва таъмини амнияти саломатии шаҳрвандони давлатҳои худ парвозҳои байналмилалиро то беҳ гардидани вазъият қатъ намуданд.

«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси сироятии CОVID-19 ва таъмини амнияти саломатии шаҳрвандони кишвар парвозҳои байналмилалӣ аз 20 марти соли 2020 аз/ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз/ба Федератсияи Россия то беҳ гардидани вазъият муваққатан қатъ карда шудааст», — илова намуд манбаъ.

Бояд қайд кард, ки дар баъзе расонаҳои воситаҳои ахбори омма хабарҳое паҳн гардидааст, ки аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ фурӯши чиптаҳо ба роҳ монда шудааст ва парвозҳои мунтазами байналмилалӣ аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баръакс иҷро карда мешаванд. «Ин хабарҳо асоси воқеъӣ надошта, амалишавии парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни ду кишвари болозикр танҳо пас аз муътадил шудани вазъият оид ба вируси сироятии CОVID-19 ва эълони расмии љониби мақомотҳои ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад», — тазаккур доданд дар Агентии авиатсияи гражданӣ.

Дар робита ба ин, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш менамояд, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳое, ки асоси воқеӣ надоранд, дода нашуда, аз харидории чиптаи ҳавопаймоӣ то нашр гардидани изҳороти расмӣ вобаста ба барқарорсозии хатсайрҳои мунтазам худдорӣ намоянд, зеро айни замон, парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барқарор нагардидааст.

«Бори дигар огоҳ карда мешавад, ки барқарорсозии парвозҳои байналмилалӣ аз/ба Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо пас аз беҳ гардидани вазъият вобаста ба бемории сироятии CОVID-19 роҳандозӣ карда мешавад. Вобаста ба ин, қайд менамоем, ки бо беҳ гардидани вазъият вобаста ба вируси сироятии CОVID-19, оид ба барқарорсозии парвозҳои мунтазам расман эълон карда мешаванд», — таъкид намуданд дар Агентии авиатсияи гражданӣ.

АМИТ «Ховар»

Tags: