Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҶДММ Иттиҳоди аграрии «Водии зарин» дар ноҳияи Ҷайҳун

28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили ғалла ва агротехникаи парвариши пахта дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии «Водии Заррин» шинос шуданд.  

Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” соли 2013 тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, дар ҳудуди вилояти Хатлон дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пахта, шолӣ ва гандум фаъолияти пурсамар мекунад.

Дар маъракаи имсолаи ҷамъоварии ҳосили гандум дар ноҳияи Ҷайҳун аз тарафи аҳли заҳмати ҷамъият дар масоҳати 948 гектар кишти тирамоҳии гандум анҷом дода шуд. Ҳавои мусоиди имсола барои нашъунамои хуб ва ҳосили дилхоҳ ба даст овардани кишоварзон мусоидат кард. Меҳнати софдилона самар оварда, хоҷагидорон дар ин мавсим аз ҳар гектар 32-33 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд. Кишоварзон нақша доранд, ки дар майдони 200 гектар заминҳои аз кишти тирамоҳии гандум холишуда шолӣ кишт намоянд. Маданияти истифодаи замин дар хоҷагӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дошта, ҷиҳати ғанӣ гардонидани таркиби хоки заминҳои нави обёришуда дар зиёда аз 700 гектар зироати техникии офтобпараст кишт карда мешавад. Пас аз бардоштани ҳосили офтобпараст баргу пояи ин зироат майда карда шуда, ба замин партофта мешавад, ки василаи хуби ҳосилхез намудани замин ва ғанисозии таркиби хок мебошад. Ҳамин таҷриба баъд аз ҷамъоварии ҳосили пахта низ истифода шуда, ғӯзапоя ғунучин намегардад ва ҳамчун нурии минералӣ мавриди коркард қарор мегирад. Истифодаи ҳамин технологияи парвариш имкон фароҳам овардааст, ки ҳосилнокии “тиллои сафед” марҳила ба марҳила афзоиш ёбад.

Таҳлили ҷамъоварии пахта аз рӯи  нишондиҳандаҳои  замини обёришуда муайян намуд, ки агар ҳосилнокии соли аввал 10-15 сентнер бошад, қисми дигари заминҳои кишти соли чорум ва панҷум ба 50- 60 сентнер мерасад. Ҳамин тавр ҳосилнокӣ соли 2019 аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 22,2 сентнерро ташкил дод.

Дар натиҷаи истифодаи имтиёзҳои давлатӣ ва тадбирандешии роҳбарияти ҷамъият, дар мавсими ҷорӣ дар масоҳати 3650 гектар пахта кишт шуда, аз сабаби ба амал омадани шамолҳои сахт ва бориши пай дар пайи барфу борон моҳҳои март-апрели имсол дар  1760 гектар кишти пахта аз нав ба роҳ монда шуд. Бо вуҷуди ин, истифодаи таҷрибаи пешқадам ва анҷоми сифатноки тадбирҳои агротехникӣ имкон фароҳам овард, ки ин зироати техникӣ нашъунамои хуб кунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми хоҷагидоронро дар самти азхудкунии заминҳои бекорхобида муассир арзёбӣ намуда, бобати тақвияти бештари ин раванд ба роҳбарони сохторҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ дастуру супоришҳои судманд доданд.

Тазаккур дода шуд, ки соли 2015 дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон барои азхудкунӣ ва барқарорсозии 12 ҳазор гектар замине, ки қаблан аз гардиши кишоварзӣ баромада, тӯли даҳсолаҳо дар ҳолати партов қарор доштанд, вобаста карда шуд. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани маҷмӯи корҳои азхудкунӣ ва барқарорсозӣ дар заминҳои ҷудогардида, аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” ба мамлакат  300 адад техникаи гуногунтамғаи кишоварзӣ ва дастгоҳу механизмҳо, ба монанди агрегатҳои ҳамворкунии замин бо таҷҳизоти лазерӣ, агрегатҳои мураккаби коркарди замин, эксковатор, мошинҳои худрави боркунанда ва мошинаҳои боркаш, тракторҳои пуриқтидори ҷуфткунанда, агрегатҳои худрави пошидани маводи ҳифзи растанӣ, тухмипошакҳо, комбайнҳои ғалладарав ва таҷҳизоту агрегатҳои муосири таъйиноти кишоварзӣ ворид карда шуд.

Ба иттилои роҳбарияти иттиҳоди аграрии “Водии Заррин”, давоми солҳои 2015-2020 ба хотири рушди соҳа ва коркарди маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон зиёда аз 112,2 миллион доллари амрикоӣ ба сифати сармоя ҷалб гардида, дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Бунёди инфрасохтори агросаноатӣ мавриди таваҷҷуҳи махсуси аҳли заҳмат қарор гирифтааст. Ҷамъият дар тӯли фаъолияти худ  заминҳои ғайрикишоварзиро давра ба давра ба гардиши кишоварзӣ дароварда, майдони заминҳои корами обиро ба зиёда аз 5000  гектар расонид. Корҳои азхудкунии заминҳои бекорхобида идома доранд. Бояд тазаккур дод, ин шабу рӯз зиёда аз 800 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва бештар аз 2200 нафар бо кори мавсимӣ таъмин буда, музди меҳнати кормандон ба ҳисоби миёна 1500-2000 сомониро ташкил медиҳад.

Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатӣ ҳамаи пешрафтҳои истеҳсолӣ дар Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин”-ро бевосита ба дастгириву ғамхориҳои шахсии Пешвои миллат марбут медонанд ва ин талошҳо ҳайати кормандонро ҷиҳати афзоиши бештари маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахтаву гандум ва шоливу офтопараст дилгарм кардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили ғалла ва агротехникаи парвариши пахта роҳбарияти Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин”-ро вазифадор карданд, ки зарфиятҳои мавҷудаи истеҳсолиро мақсаднок истифода бурда, ба хотири саҳмгузории бештар дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳисса гузоранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: