ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ: Падари фарзандозор беҷазо намемонад

Баъди тавассути алоқаи «Хабарнигори фаврӣ»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба милитсия дастрас гардидани наворҳо оид ба латукӯб ва азият шудани ду кӯдак аз ҷониби нафари шахсияташ номаълум, мақомоти милитсия бо мақсади пешгирӣ аз ин ҳолати номатлуб, ки воқеан дар хатар будани ҳаёту саломатии кӯдаконро инъикос мекард, корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида, шахсияти иҷрокунандаи ҳаракатҳои бераҳмона ва муаллифи наворро ошкор сохтанд, хабар  медиҳад  АМИТ «Ховар» бо  истинод ба ВКД ҶТ.

Ӯ шаҳрванд Иномзода Фирдавс Аббос, соли таваллудаш 1986, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, падари ду фарзанд аст, ки дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 117 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда (азобу уқубат) гумонбар дониста мешавад.

Номбурда бо усули зӯроварӣ ва истифодаи олоти ҷароҳатрасонанда бо кӯдакони хурдсоли худ Илҳомҷони 7-сола ва Сумаяи 6-сола муносибати бераҳмона намуда, онҳоро мавриди лату кӯб қарор додааст. Дар ҳоле, ки баръало ноболиғу нотавон будани кӯдакон барои ӯ аён буд ва онҳо аз ҷиҳати моддӣ вобастагӣ доштанд.

Оид ба шахсияти гумонбаршуда Фирдавс Иномзода метавон гуфт, ки қаблан соли 2017 барои ба муомилот баровардани асъори қалбакӣ суд шудааст.

Пайдо шудани наворҳои изтиробангез дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ миёни ҷомеа нафрат ва нороҳатии шадид ба вуҷуд овард. Тавре милитсия муайян намуд, кӯдакон қурбонии муносибатҳои носолими оиладорӣ гаштаанд. Падару модари онҳо дар ҳолати номуросо зиндагӣ дошта, модар дар муҳоҷират қарор дорад. Гумонбаршуда Фирдавс Иномзода, тавре нишондод медиҳад, барои бекор кардани ақди никоҳ ин усули ҳассосу таъсиррасонандаро, ки ҷиноят аст, истифода кардааст. Ҳамзамон гумонбаршуда гирифтани маблағ аз ҳамсари муҳоҷири худро тасдиқ мекунад, ки гӯё барои тарбияи фарзандон истифода карда бошад.

Маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҷараёни тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судии ҳодисаи ҷиноятиро пайгирӣ менамояд.

АМИТ Ховар

Tags: