ПАЙРАВӢ БА ТАШАББУСИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Раиси шаҳри Душанбе ба 5 ҳазор оилаҳои эҳтиёҷманду камбизоат, маъюбон ва беморон кумаки моддӣ расониданд

21  май дар пайравӣ бо ташаббусу иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои миллат дар арафаи Иди саиди фитр аз ҷониби  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба 5 ҳазор  оилаҳои эҳтиёҷманду камбизоат, маъюбону беморон ва ятимону бепарасторон кумаки моддӣ  расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Кумаки   Раиси шаҳр  аз 500   тонна маводи ғизоӣ  иборат буда,  маблағи умумии он  зиёда аз 2,5  миллион сомониро ташкил медиҳад.

Аз давраи бақайдгирии нахустин ҳолати  сироятёбии  сокинони пойтахт ба бемории коронавируси намуди нави COVID-19 роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дастгирию кумаки саривақтии кормандони соҳаи тиб, беморону   парасторони  онҳо, эҳтиёҷмандон,  пешгирӣ аз  паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тақвияти корҳои безараргардонӣ ва  таъмини мунтаззами муассисаҳои тандурустии пойтахт бо доруворию лавозимоти зарурии тиббӣ  тадбирҳои таъхирнопазир андешида, дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт пайваста амалӣ менамояд.

Раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин барои дар ин рӯзҳои мушкил ба кор баромада, сари вақт тоза намудани роҳҳои шаҳри Душанбе ба беш аз 2800 нафар кормандони муассисаҳои истифодаи роҳҳои пойтахт, хусусан онҳое, ки ба поккории шаҳр машғуланд, кумак расонид.

Ёдовар мешавем, ки ғамхорӣ дар ҳаққи  ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва шахсони ниёзманд аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳисоб рафта, ҳар як нафар аз иқдому ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳраманд мегардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: