ПАЙРАВӢ БА ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Хадамоти иҷро ба 140 корманди Беморхонаи №1 ба номи Карим Ахмедови шаҳри Душанбе 7 тонна орд кумак намуд

6 май аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамоти иҷрои назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии   Тоҷикистон ба 140 табиб ва ҳамшираҳои шафқати Муассисаи давлатии «Маркази тиббии  шаҳрии №1  ба номи Карим Ахмедов»-и шаҳри Душанбе 7 тонна орд  (140 линча) кумак расонида шуд. Дар ин бора аз  Хадамоти мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. «Хадамоти иҷро  вобаста ба имкониятҳо  минбаъд низ ин иқдомро идома хоҳад  дод.

«Роҳбарияти Хадамот иброз доштанд, ки дар чунин лаҳзаҳои барои мардуми Тоҷикистон душвор онҳо дар канор буда наметавонанд ва бо тамоми ҳастӣ талош меварзанд, ки дар паҳлӯи миллату давлати худ бошанд. Кумаки мазкур рамзи ҳаммаром будан бо мардуми Тоҷикистон дар чунин шароити барои ҳамагон мушкилро дорад»,-афзуд манбаъ.

Инчунин баҳри саҳмгузорӣ дар   роҳи   мубориза бар зидди пандемияи COVID-19 сардори  Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода музди меҳнати якмоҳаи худ  ва ҳайати кормандони он як қисми моҳонаашонро  ҳамчун кумак ба фонди мазкур мегузаронанд. Иқдоми мазкур дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

Ҳамзамон  роҳбарияти Хадамоти иҷро иқдомҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллатро роҳандозӣ намуда, дар моҳи шарифи Рамазон кормандони Хадамот ва ҳайати  хизматрасони  онро  бо  маводи  хӯрока, аз қабили 2 тоннаю 100 кг орд,  210 литр равған, 210 кг биринҷ ва 210 кг шакар таъмин  намуданд.

Дар робита  ба пешгирӣ аз  паҳншавии   бемории  сироятии «Ковид-19» кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 2-5 майи соли 2020 миёни сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба андешидани тадбирҳои қатъии беҳдоштӣ  гузарониданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: