3 ноябри соли равон ба муносибати таҷлили 22-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми дуюми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мегардад.
Дар Форуми мазкур масъалаҳои вобаста ба самтҳои асосии рушди қонунгузорӣ ва амалия дар соҳаи адлия, масъалаҳои мубрами ҳуқуқи шаҳрвандӣ, оилавӣ, ҷиноӣ, ҳамчунин соҳибкорӣ ва андозбандӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Барои иштирок дар Форум шахсони манфиатдоре даъват карда мешаванд, ки дар раванди таъмини волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ иштирок мекунанд.
Бо назардошти маҳдуд будани ҷойҳо барои иштирок дар Форум дархости онлайн дар сомонаи — http://www.minjust.tj бояд пешакӣ пур карда шавад.
АМИТ «Ховар»