ММТ: 15 апрел марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба итмом мерасад

Марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2020 то 15 апрел ба итмом мерасад. Дар ин муддат хоҳишмандоне, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар ИМД ҳуқуқ доранд, новобаста аз он ки кадом муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбиро интихоб кардан мехоҳанд, метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шаффоф гузаронидани ИМД тамоми тадбирҳои зарурӣ ва шароити мусоидро барои довталабон муҳайё намуда истодааст.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Маркази миллии тестӣ хабар доданд, то имрӯз ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тести маҷмӯаҳои қаблан чоп ва ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ройгон тақсимшуда омода гардида, дар сомонаи ин ниҳод  гузошта шуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, маҷмӯаҳои мазкур бе ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест қаблан нашр гардиданд, ки пас аз як муҳлати муайяни маҷмӯаҳо ҷавобҳои дуруст барои натиҷаи кори худро санҷидани хонандагон ва истифодабарандагони дигар нашр шуданд. Чунин тарзи кор беҳтарин равиш барои ташвиқи хонандагон ба донишандӯзӣ ва мустақилона кор кардан мебошад.

Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тести маҷмӯаҳо дар шакли электронӣ буда, онҳоро фақат аз сомонаи Марказ дастрас кардан мумкин аст. Дар ҳолати роҳ ёфтани хатои техникӣ дар ду саволи тест аз фанни математика (№№ 152 ва 164) ва як саволи тест аз фанни таърих (№ 16, унсури гунаи «D») ҷавобҳои онҳо бо аломати ситорача – «*» ишора карда шудаанд. Бинобар ин саволҳои зикршуда бояд ба назар гирифта нашаванд.

Дар ИМД-и соли ҷорӣ дар ҳар субтест (саволномаи ҳар фан) то 40 %-и саволу масъалаҳои тест аз маҷмӯаҳои нашргардида такроран истифода мешаванд.

Ҳамчунин Маркази миллии тестӣ ба диққати довталабоне, ки рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродии худро фаромӯш кардаанд, мерасонад, ки хизматрасонии «Барқарорсозии рамзи кабинети инфиродӣ ба воситаи паёмак (SMS)» фаъол гардид. Дар вақти бақайдгирӣ рақами телефони мобилиеро зикр намоед, ки доимо фаъол бошад.

Барои барқарор кардани рамзи фаромӯшшуда дар равзанаи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ «Рамзро фаромӯш кардед?»-ро пахш кардан лозим аст, ки дар он ба воситаи  почтаи электронӣ ё SMS-паёмак пайдо мешавад.

Маълумоти муфассалро дар бораи моҳият ва тарзи истифодаи кабинети инфиродии довталаб, аз ҷумла тартиби барқарорсозии рамзи кабинети инфиродӣ ба воситаи почтаи электронӣ ва тарзи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ, ки дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, дастрас кардан мумкин аст.

АМИТ «Ховар»

Tags: