Дар участкаи интихоботии №4 6 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба қайд гирифта шудаанд

Дар участкаи интихоботии №4 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Исмоили Сомонӣ №2, ки дар бинои Муассисаи давлатии «Душанбе плаза» воқеъ гардидааст, 6 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар участкаи мазкур тибқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба интихобот тамоми меъёрҳои муқарраргардида роҳандозӣ шудаанд.

Бино ба гуфтаи раиси Комиссияи участкаи мазкур Самандар Тураев, овоздиҳӣ дар ин макон субҳи барвақт шурӯъ гардида, интихобкунандагон бо эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуда истодаанд.

«Дар маҷмӯъ шумораи интихобкунандагон 725 нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумӣ 6 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 7 нафар иштирокчиёни амалиёти ҷангии Афғонистон буда, 37 нафари дигар шахсоне ба ҳисоб мераванд, ки бори аввал дар чунин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок менамоянд», — гуфт мавсуф.

Ба иттилои Самандар Тураев, дар участкаи интихоботии зикргардида 10 нафар шахсони дорои имконияти маҳдуд ба қайд гирифта шудаанд, ки барои иштирок ва овоздиҳии онҳо ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар баъзе интихобкунандагон бинобар беморӣ ё сабабҳои дигар ба бинои овоздиҳӣ омада натавонанд, комиссияи участкавии интихобот мувофиқи хоҳиши онҳо ба аъзои ҷудогонааш супориш медиҳад, ки дар маҳалли зисти интихобкунандагони мазкур дар ҳузури мушоҳидон ва шахсони боэътимод овоздиҳӣ ташкил намоянд ва ин  дар рӯйхати интихобкунандагон қайд карда мешавад.

«Дар участкаи интихоботии №4 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Исмоили Сомонӣ №2 шумораи чунин шахсон муайян гардида, дар назар аст ба назди онҳо қуттиҳои сайёри овоздиҳӣ равон карда шаванд», — афзуд Самандар Тураев

Гуфтанист, ки дар интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар асоси принсипҳои демократӣ номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Демократи Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби Сосиал-Демократи Тоҷикистон иштирок доранд.

Маъракаи овоздиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз соати 6:00 оғоз гардид ва то соати 20:00– и шаб идома меёбад. Ҷараёни баргузории ин маъракаи муҳими сиёсиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 230 нафар нозирони байналмилалӣ мушоҳида менамоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: