Тамоми ҳайати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2020 доир мегардад, ҷалб карда мешаванд. Дар ин бора 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода сухан гуфт.
«Ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон омодагии ҷиддӣ ҷараён дорад. Барои нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ нақшаи махсус таҳия шуда, комиссияи байниидоравӣ таъсис ёфтааст, ки имрӯз кори худро оғоз мекунад. Итминон дорам, ки интихоботи дарпешистода дар фазои ором баргузор хоҳад шуд»,-чунин изҳори боварӣ намуд Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода.
Вазири корҳои дохилии мамлакат ҳамчунин иттилоъ дод, ки соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 160 нафар иштирокчиёни созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дастгир карда шуданд. Миёни онҳо-аъзои гурӯҳҳои дар ҷумҳурӣ мамнӯъгардидаи «Бародарони мусалмон» («Ихвон-ул-муслимин»), ҳаракати «Толибон» ва Ҳизби наҳзати исломӣ буданд.
АМИТ «Ховар»