Дар Теҳрон 25 январ вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон Алиасғар Мунисон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро дар соҳаҳои сайёҳӣ, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ муҳокима намуданд.
Фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ барои рушди муносибатҳо дар ин соҳаҳо, мубодилаи таҷриба байни мутахассисони ҳар ду тараф, баргузор намудани чорабиниҳои муштарак ва тавсеаи гардишгарӣ аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаи соҳавӣ арзёбӣ гардид.
АМИТ «Ховар»