Санаи 14 январи соли ҷорӣ тахминан соатҳои 16.30 дақиқа шаҳрванд Мезентсев Иван Андреевич соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ 176, ҳуҷраи 5, ки ғайриконунӣ як адад норинчаки РГД-5-ро дар хонаи истиқоматиаш нигоҳ медошт, бо худ гирифта ҳангоми қарордошт дар назди даромадгоҳи (подъезд) бино дар ҳолати мастӣ ва муносибати хунукназаронааш бо дастгоҳи тарканда таркиш ба амал омадааст.
Дар натиҷаи таркиши норинҷак шаҳрванд Мезентсев Иван Андреевич ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.
Санҷиши ҳодиса аз ҷониби гуруҳи оперативӣ-тафтишотии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе идома дорад.
Манбаъ: Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон