Мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №15-и шаҳри Конибодом Розия Нурматова, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №72-и шаҳри Душанбе Марҳабо Қудратова ва мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони ВМКБ Ангома Атомамадова бо гирифтани 207 хол дар озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» сазовори ҷойи аввал гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» 10 январ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд. Дар маросими ҷамъбастии озмун муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ ва ҳайати ҳакамон озмунро натиҷагирӣ намуда, ғолибони даври ниҳоиро эълон намуданд.
Ҳамчунин сазовори ҷойи дуюм бо гирифтани 190 хол мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и шаҳри Бохтар Ойтилло Тағоева ва сазовори ҷойи сеюм бо гирифтани 185,5 хол мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1 ноҳияи Шаҳринав Шабнам Сатторова гардиданд.
Зимни ҷамъбаст зикр шуд, ки дар таърихи баргузории озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» бори аввал намоянда аз марказҳои инкишофи кӯдак ширкат намуданд.
Ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалияти таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, таъмин ва такмили мазмуни таҳсилоти томактабӣ, дарёфт ва ошкор сохтани мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ташаккули қобилияти мураббиён ва фаъолияти эҷодӣ дар шароити муосир, такмили донишу маҳорати касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати пурсамари мураббӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа мебошад.
Ғолибон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷоиза, нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», ифтихорнома, роҳхат барои осоишгоҳ ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмун рӯзи 8-уми январ оғоз гардида, давоми ду рӯз иштирокчиён тибқи шартҳои муайяншудаи Низомномаи озмун ҳунару маҳорати худро санҷиданд.
АМИТ «Ховар»