Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муаррифии лоиҳаи «Мусоидат ба сулҳу субот тавассути сохтмони инфрасохтори муҳим дар шаҳри Хоруғ» баргузор гардид. Барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаи мазкур дар баробари Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчунин шарикони рушд, ба мисли Бунёди тоҷикистонии Оғохон, Агентии Оғохон оид ба макони зист ва Иттиҳоди Аврупо саҳм мегузоранд.
Ба гуфтаи сардори Раёсати иқтисод ва савдои вилоят Латиф Шоҳзодаев, “ҳадафи лоиҳа-ин бунёд намудани инфрасохтори иҷтимоӣ, дастрасии осони сокинони шаҳр ба хизматрасониҳои мухталифи иҷтимоию маишӣ ва ҳифзи муҳити зист мебошад. Дар доираи ин лоиҳа бунёди муассисаи муосири таълимӣ дар кӯчаи ба номи Саидамир Абдураҳмонов, сохтмони 6 майдончаи варзишӣ дар маҳаллаҳои шаҳр, таъмини сокинони маҳаллаи Бизмич бо оби ошомиданӣ, мустаҳкам намудани соҳили рӯдхонаи Ғунд, ки ҳамасола дар мавсими обхезӣ ба хоҷагиҳо зарари ҷиддӣ мерасонад, ба назар гирифта шудааст”.
Сардори Раёсати иқтисод ва савдои вилоят гуфт, ки маблағи лоиҳа зиёда аз 18 миллион сомониро ташкил дода, дар зарфи яку ним сол бояд мавриди амал қарор гирад. Бо дигаргун гаштани инфрасохтори шаҳр симои он низ тағйир меёбад, вазъи экологӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад, шароити таҳсили садҳо кӯдакону наврасон беҳтар мегардад, мавзеъҳои хатарзо коҳиш меёбанд ва илова бар ин, ҷавонони маҳаллӣ соҳиби ҷои кори мавсимӣ мегарданд.
АМИТ «Ховар»