ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хуҷанд корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер бунёд мешавад

Дар маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд корхонаи нави саноатӣ барои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда — телевизор, яхдон, кондитсионер ва дигар таҷҳизоти маишӣ бо тамғаи ватанӣ бунёд мегардад.

Корхонаи зерин дар минтақаи саноатии шимолу шарқи маркази вилоят ҷойгир буда, аз ҷониби кооперативи тиҷоратии «Имран Суғд» бо маблағҳои сармояи мустақим сохта мешавад.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», 5 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои бунёди корхонаи нави саноатӣ шинос гардида, ба роҳбарияти кооператив ҷиҳати бо сифати баланд ба итмом расонидани сохтмон супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки корхонаи нав аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст барои истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда бунёд шуда, қадами устувор дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.

Ҳамзамон ба иттилои масъулини корхонаи бунёдшаванда, ҳоло ба корҳои сохтмонӣ беш аз 60 нафар сохтмончиён ҷалб гардидаанд. Маҳсулоти истеҳсолшаванда пурра дар корхона истеҳсол ва бо тамғаи ватанӣ ба фурӯш бароварда мешавад.

Бояд гуфт, ки тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, дар минтақаи шимолу шарқи шаҳр дар майдони 49,2 га минтақаи нави саноатӣ таъсис гардидааст. То 1 декабри соли 2019 ба 21 нафар соҳибкори ватанӣ қитъаҳои замин барои сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ҷудо карда шуданд. Тибқи нақша дар ин минтақа ҷойгирсозии 49 субъекти соҳибкории истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёди 300 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 9000 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин радиф соли 2019 дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истифода додани 100 корхонаи  нав бо 1730 ҷойи нави корӣ дар назар дошта шуда, давоми 10 моҳи имсол 87 коргоҳи нав бо 1300 ҷойи кор ба  фаъолият оғоз намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: