КИНОИ ТОҶИК – баррасии рушди соҳа дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат

4 декабри соли 2019 таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир гардид.

Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии рушди кинематография дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, омода намудани кадрҳои соҳаи кино, фаъолияти Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон дар солҳои 2018-2019, инчунин дастовардҳо ва мушкилоти мавҷудаи соҳаи мазкур мавриди муҳокима қарор гирифт.

Аз рӯи масъалаҳои пешбинишуда ҳисоботи директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Раҳмон Носир,  ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Хайриддин Усмонзода, раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов шунида шуд.

Таъкид гардид, ки соҳаи кино барои муаррифии миллату давлат дар давраи ҷаҳонишавӣ нақши арзанда дошта, ҳамчун заминаи фарҳангию иҷтимоӣ барои худшиносию худогоҳии қишрҳои гуногуни аҳолӣ  муҳим арзёбӣ мегардад.

Рушду инкишофи кинематографияи миллӣ пайваста зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, мунтазам  дастгирӣ меёбад.

Зикр гардид, ки дар доираи амалишавии барномаи мазкур филмҳои ҳунарии пурраи «Рақси зиндагӣ», «Сафи домодҳо» ва «Хеле ҳам одами эҳтиёткор», филмҳои мустанади «Дар боли суруд», «Ҳадяи осмонӣ», «Роғун-ошёни нур», «Мерос», «Бохтар: аз бостон то бӯстон» ва  қисми якуми филми тасвирии «Алифбо» офарида шуда, соли 2019 филмҳои ҳунарии пурраи «Автобус», «Нигоҳи ғизол» ва «Роҳ», филмҳои ҳунарии кӯтоҳи «Инсоф» ва «Аз баландии парвоз», филмҳои мустанади «Сафарнома», «100-солагии ДДУК», «Муроди Пешво» ва қисми дуюми филми тасвирии «Алифбо» рӯйи навор омаданд.

Ҳамзамон таҷҳизоти замонавии филмбардорӣ дастрас  гардида,  барои кормандон шароити мусоиди корию эҷодӣ фароҳам оварда шуд.

Дар доираи ба роҳ мондани  ҳамкорӣ дар соҳаи филмофарӣ бо кинематографистони Канада филми ҳунарӣ бо номи «Сайёҳ», ки ба ҳаёту рӯзгори мардуми як гӯшаи диёр бахшида шудааст, рӯйи навор омада, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон манзури тамошобинон гардонида шуд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳо доир ба рушди соҳа ва камбудиву мушкилоти мавҷудаи кинематографияи миллӣ андешаҳои аъзои Шӯрои ҳукуматӣ шунида шуда, таклифу пешниҳодҳои мушаххас баён гардиданд.

Муовини Сарвазири мамлакат, Раиси Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ Азим Иброҳим дар ҷараёни таҳлили мавзӯъҳои матраҳгардида масъалаҳои марбутаи соҳаи киноро ҳаматарафа муҳокима намуда, вобаста ба камбудиву мушкилоти ҷойдошта аз масъулин ҷавобҳои мушаххас ва андешидани тадбирҳои саривақтиро тақозо намуд.

Аз ҷумла, норасоии мутахассисони соҳаи кино, пешниҳод нагардидани филмҳои ба завқи тамошобин мувофиқ, эҷод нагардидани сенарияҳои нав, ба талабот ҷавобгӯ набудани толорҳои намоиши кино, то ҳол дарёфт нагардидани усулҳои нави ҷалби тамошобин ва дигар масъалаҳои дахлдор аз мушкилиҳои асосии рушди кинематографияи миллӣ арзёбӣ гардиданд.

Бо назардошти ин, дар назди масъулини соҳа ва аъзои Шӯрои ҳукуматӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуда, барои татбиқи мақсадноки Барномаи давлатии рушди кинематография дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, омода кардани кадрҳои баландихтисос, густариши ҳамкории Муассисаи «Тоҷикфилм» бо иттифоқҳои кинематографистону нависандагон, тақвияти фаъолияти аъзои Шӯро ва дигар масъалаҳои дахлдор дастуру супоришҳо дода шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: