Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба шарафи Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ сурат гирифт

Имрӯз  бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиши  идона баргузор гардид. Дар он сардорони раёсатҳо, ҳайати шахсӣ ва ҷавонони фаъоли кишвар иштирок доштанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳамоиш роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҳайати шахсӣ ва меҳмононро бо Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Икром Умарзода оид ба таърих ва муҳтавои Парчами давлатӣ иброз дошт, ки «Парчам-яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, фарогири муқаддасоти миллӣ мебошад. Он нишони қудрат ва ифтихормандии инсон буда, нишони фазилати мову шумо- тоҷикистониён аст. Гиромӣ доштани Парчам вазифаи муқаддас ва қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост, зеро ҳар як давлатро аз парчамаш мешиносанду таърихи онро меомӯзанд».

Ххушбахтона, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои мутараққии чаҳон муаррифӣ гардида, бори дигар симои давлати ҳуқуқбунёду демократии моро нишон медиҳад.

Ҳамзамон зикр шуд, ки Парчам яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб рафта, моҳияту мазмуни фаъолият ва таъйиноти давлат, шаклу сохт ва марому мақсади давлат, инчунин равандҳои асосии сиёсати онро ифода менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: