Имрӯз дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Бангладеш вохӯрии ҷавобиро доир мекунанд

Соати баргузории вохӯрии ҷавобии плей-оффи Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё- 2019, ки имрӯз дар варзишгоҳи «Бангбаҳанду»-и шаҳри Дакка бо ширкати дастаҳои мунтахаби Бангладеш ва Тоҷикистон барпо мегардад, бинобар сабаби ташрифи моҳи шарифи рамазон тағйир ёфт. Бо дархости Федератсияи футболи Бангладеш оғози бозӣ ба соати 15:30 дақиқаи вақти Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ сармураббии дастаи мунтахаби кишварамон Ҳаким Фузайлов гуфтааст: «Мо он ғалабаеро, ки дар Душанбе ҳосил шуд, фаромӯш кардем ва имрӯз кӯшиш мекунем, ки аз нав ба пирӯзӣ комёб шавем. Дар ҳайати дастаи мо дар бозии ҷавобӣ тағйироти куллӣ ба вуҷуд омадааст, ки онро шумо хоҳед дид».
Манзур аз ин гуфтаҳои сармураббӣ он аст, ки ҳамроҳ бо дастаи мунтахаб муҳофизатгар Даврон Эргашев ба Бангладеш ҳозир нашуд ва ин тағйироти авалин дар даста хоҳад буд. Баъдан Ҳаким Фузайлов метавонад дигар бозингаронеро, ки дар вохӯрии аввали тим ширкат надоштанд, дар ин бозии расмӣ аз санҷиш гузаронад.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали ин дастаҳо дар шаҳри Душанбе Тоҷикистон бо натиҷаи 5:0 Бангладешро шикаст дода буд.
АМИТ «Ховар»

Tags: